Таҳсил дар хориҷа

Дар доираи барномаи «Invest in Talents» ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» дохилшавандагонро барои идомаи таҳсил дар хориҷа дастгирӣ менамояд. Бо макотиби олии кишварҳои Русия, Чин, Украина, Англия ҳамкорӣ намуда, ба хонандагони болаёқат кӯмак мерасонад, то ин ки ба макотибҳои олии дилхоҳ тариқи квота дохил шаванд.

Соли 2012 «Пешрафт» ва Anglia Ruskin Universitу ба хонандаи болаёқат Суман Қурбонова аз рӯйи ихтисоси «бизнес-менеҷмент» барои таҳсил маблағ ҷудо намуданд.

Risunok8

Ташкилоти «Пешрафт», ҳамчунин, барои таҳсили хонанда Шуҳрат Шарифов дар донишгоҳи шаҳри Пекини кишвари Чин бо ихтисоси бизнес-менеҷмент маблағ ҷудо кард.

Дар баробари ин донишҷӯён-шогирдони «Пешрафт» имкон доранд, тавассути ширкат дар барномаи идрорпулии ҶСК «Ориёнбонк» дастгирии иловагии молиявиро комёб шаванд.

Соли 2013 ташкилоти «Пешрафт» барои таҳсил дар донишгоҳи байналмилалии Киев аз рӯйи ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» як квота пешниҳод кардааст.

Имконоти асосии номзад барои гирифтани квота чунин аст: ҳолати иҷтимоӣ ва моддӣ, донистани забони англисӣ, инчунин, нишондиҳандаҳои хуби таҳсил.

Risunok9

Поделиться постом