Маслиҳатҳои касбӣ

Дар доираи барномаи «Invest in Talents» лоиҳаи «Маслиҳатҳои касбӣ» барои ёрӣ расондан ба идрорпулигирандагон оиди интихоби касб роҳандозӣ карда мешавад.

«Маслиҳатҳои касбӣ» чӣ нафъ дорад?

Тавре натиҷаи пурсишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, интихоби касб барои аксар хонандагони синфҳои болоӣ чун масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Барои ҳалли ин масъала ва ёрӣ расондан ба идропулигирандагон ҳангоми интихоби дурусти касб, мо лоиҳаи «Маслиҳатҳои касбӣ»-ро роҳандозӣ намудаем.

Лоиҳа чӣ тавр фаъолият дорад?

Мо бо нафарони комёб, мутахассисонидилхоҳ соҳа дар тамос шуда, аз эшон хоҳиш мекунем, ки таҷриба, фикру ақидаи хешро бо шогирдони «Пешрафт» ҳикоят намоянд. Барои маслиҳат мо он қисмати хонандагонро даъват менамоем, ки ба ин ё он ихтисос завқу ҳаваси беандоза доранд. Ҳамин тавр, дар рафти маслиҳатҳо идропулигирандагон таҷриба андӯхта, донишҳои хешро доири ихтисоси муайян инкишоф медиҳанд.

Лоиҳа аллакай диққати як қатор ташкилотҳову шахсони инфиродиро ба худ ҷалб намудааст. Ҳоло «Маслиҳатҳои касбӣ» дар ҶСК «Ориёнбонк», ширкати BDO – Тоҷикистон, меҳмонхонаи «Душанбе-Серена», Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ва ширкати «Мегафон — Тоҷикистон», Радиои “ВАТАН”, ҶДММ “Алиф-Сармоя”, Меҳмонхонаи “Шератон” ва ғ. гузаронида шудаанд.

Мо ҳамеша барои ҳамкорӣ бо дигар корхонаҳою ташкилотҳои милливу Ватанӣ омода ҳастем.

Поделиться постом