Машғулиятҳои ройгон

430075_422581751145712_93307783_nТашкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» машғулиятҳо бепули омӯзиши забони англисӣ, бахусус дарсҳои тайёрӣ барои TOEFL, дарсҳои санъати наттоқӣ ва хатнависиро ба роҳ мондааст.

Машғулиятҳо ҳафтае 3 маротиба дар мактаби миёнаи рақами 1-и пойтахт роҳандозӣ шуда, беш аз 30 нафар идрорпулигирандагон дар он ширкат меварзанд. Машғулиятҳо ба худ дарсҳои забон, хаттотӣ ва суханпардозиро фаро мегиранд.

Ҳар машғулият ба 2 қисм ҷудо ва ҳар кадом 80-90 дақиқа идома меёбад. Қисмати аввал омӯзиши амиқи забони англисиро дар бар гирифта, қисмати дуюм фарогири машғулиятҳои амалии хаттӣ ва шифоҳӣ доир ба забони англисист.

img_20130130_114004

Поделиться постом