Барномаи идрорпулии «Invest in Talents»

Дар бораи барнома:

Барномаи идрорпулии «Invest in Talents» (маблағгузорӣ барои истеъдодҳо) расман моҳи октябри соли соли 2011 ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади барнома дастгирии ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон аст. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи кишвар хазинаи «Тоҷикинвест» ба хонандагони боистеъдод вобаста ба мақоми иҷтимоӣ ва дастовардҳои эшон ҳар моҳ идрорпулӣ ҷудо месозад. Мақсади барнома дастгирии хонандагон чун нишони эътирофи муваффақиятҳои ба дастовардаи онҳост.

Барнома аз васоити хазинаи «Тоҷикинвест» маблағгузорӣ шуда, тавассути ташкилоти «Пешрафт» амалӣ мегардад.

Ҳар як хонандагони синфҳои 10 ва 11 метавонанд, дар барнома ширкат варзанд. Ҳар як иштирокчӣ танҳо тавассути хониши хуб ва аз рӯйи натиҷаи суҳбатҳои гузаронидашуда, интихоб ва гирифта мешавад. Имконоти бештар ба хонандагони оилаҳои камбизоат дода мешавад.

Таърихи барнома:

Соли 2011 дар барнома 40 нафар хонандагон ширкат варзиданд. Пас аз анҷоми барнома зиёда аз 10 нафари эшон ба макотиби олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд. Соли 2012 дар доираи барнома маҷмӯи тартиби интихобкунӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа 206 нафар хонанда аз 50 макотиби шаҳри Душанбе барои ширкат дар барнома ариза доданд. Аз рӯйи суҳбати интихобӣ, ки дар худ суолҳо аз фанҳои риёзӣ, мантиқ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дошт, 100 номзад барои суҳбатгузаронӣ интихоб гардид. Аз рӯйи натиҷаи пурсиш 76 беҳтаринҳо, чун иштирокчии барнома интихоб карда шуданд.

Ғайр аз ҷудо намудани идрорпулии ҳармоҳа «Пешрафт» фаъолияти фарохро бо гирандагони идрорпулӣ бобати рушди сифатҳои ҷудогона, инкишофи руҳияи ватандӯстӣ ва масъулияти ҷамъиятӣ, тарбияи сифатҳои пешсаф буданро, ки баҳри ба комёбиҳо ноил шудан муҳим аст, ба роҳ мондааст.

Ҳамаи хонандагони синфҳои 10 ва 11 барои иштирок дар барнома даъват карда мешаванд.

Хоҳишмандон моҳи сентябри соли 2013 ба рӯйхат гирифта мешаванд.

Поделиться постом