Ҳисобот аз чорабинии хайриявӣ бахшида ба Моҳи Шарифи Рамазон “Ифтор дар Евон”

Гузаронидани Ифторҳои хайриявӣ  дар Моҳи Шарифи Рамазон  наонқадар вақти зиед пеш дар ташкилоти мо анъана шуд (з сол боз). Ҳамасола мо Ифторро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун мегузаронем вале  “Хонаи пиронсолон ва ашхоси дорои махдудияти ноҳияи Евон” истисноанд, зеро дар инҷо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Сабаб дар он аст, ки аввал чунин хоанҳо зиёд буданд, ҳоло танҳо 2 – тои онҳо фаолият мекунанд. Ноҳияи Ёвон 45 дақиқа дуртар аз Душанбе ҷойгир аст ва мо аз фурсат истифода бурда, дар як сол 1 ё ду маротиба дар онҷо чорабиниҳои хайриявӣ мегузаронем

Аз ин лиҳоз, 8 июни соли 2017 аввалин Ифтори имсолаи мо дар хонаи пиронсолони ин ноҳияи гузаронида шуд. Дар он ашхоси дар ин муассиса умрбасарбаранда ва кудакони дорои махдудиятҳои ҷисмонӣ иштирок карданд. Умуман дар чорабинӣ зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд, ки калону хурдро дар бар мегирифтанд.

Боиси хушнудӣ буд, замоне ки, мо ба он муассиса даромадем моро шинохтанд ва бо табассум пешвоз гирифтанд.  Мо низ шод будем аз оне ки бори дигар бо ин шахсони некхоҳ вохӯрдем.

Дар доираи баргузории Ифтор мо пазандагони олиро даъмат кардем, онҳо дар навбати хуб оши болаззату хуштаъмро омода намуданд. Дар вақти омодашавии ош мо аз шӯъбаи кӯдакона дидан намудем ва бозиҳои гуногунро гузарондем. Онҳо бошанд аввал Суруди Миллиро сурудан ва пасон шеърҳои пурмазмунро қироат намуданд. Наздики бегоҳ Ихтиёриёни ташкилоти мо ва кормандони муассиса якҷо омода намудани дасторхонро оғоз карданд. Як соат пеш аз Ифтор алакай шумораи зиёди одамон чамъ омаданд, аммо буданд оноҳое, ки қобилияти ба ошхона расиданро надошӣанд. Волонтёрони мо хурокро бо шириҳо ва мева ба ҳуҷраҳои онҳо бурданду бо онҳо сӯҳбат оростанд. Мо кушиш намудем, ки бо онҳо ва онҳо бо мо вақти хуш дошта бошем. Пас аз ин мо маводҳои гигиениро ба кормандони Муассиса тақдим намудем ва ҳама якҷо барои лаззат бурдан аз оши омодашуда рафтем.

Пас аз Ифтор бо кӯмаки Ихтиёриёнамон мо дастархонҳоро ҷамъ карда, табақу косаҳоро шустем. Наздики соати 11 ба Шаҳри Душанбе расидем.

Ташкилоти Ҷамъиятии «Пешрафт» ба ширкати  «Хуавей Тоҷикистон» ва инчунин ва  дигар дустони ташкилотамон миннатдории самимии худро, барои дастгирии ин чорабинӣ иброз медорад.

 

Поделиться постом