Ифтори хайриявии ташкилоти ҷамъияти “Пешрафт” бо дастгирии молиявии Шӯрои мудирони “Пешрафт” ва фонди хайриявии “ТоҷикИнвест”

21 июни соли 2017, ташкилти ҷамъиятии “Пешрафт” ифтори навбатие гузаронд. Ин дафъа, мо тарбияткунандагони раёсати махсуси инвалидони Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  даъват намудем. Ин ифтори хайриявӣ  бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ва рузи байналхалқии маъюбон (8 июл)гузаронида шуд.

Ифтор бо муваффақият гузашт. Бачаҳо бо дӯстони худ вақташонро хуб гузарониданд. Қисми зиёди онҳо аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода ва дигар ноҳияҳо омаданд.

Мо тавонистем дӯстонро, ки дер боз якдигарро надида буданд, дар якҷо ҷамъ оварем, то ки аз дидори якдигар ба пуррагӣ сер шаванд.

Дар меню: угро бо лӯлача, чӯҷаи мӯрғ бо панир, мева, сабзиҷот, шириниҳо, яхмос ва хӯришҳои гуногун мавҷуд буданд.

Бояд қайд кард, ки дар “Баракатйёр” на танҳо хӯрокҳои болаззат ва фоиданок , балки хӯрокҳои хушсифату тоза пешкаши мизоҷон мекунанд.

Мо хурсанд аз онем, ки барои меҳмонон фазои осоиштаро фароҳам намудем. Мехостам ба ҳар як хайрхоҳи ин Ифтор миннатдории худро баён кунам , бояд ёдовар шавам, ки ин Ифтор бо дастгирии Шӯрои мудирии ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” ва фонди хайриявии “ТоҷикИнвест” баргузор гардид.

 

 

Поделиться постом