Ифтори хайриявӣ бахшида ба моҳи шарифи Рамазон

15 июни соли 2017, ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” бо якҷоягӣ “Алиф Сармоя” ифтор хайриявӣ бахшида ба моҳи шарифи  Рамазон гузарониданд. Соат аллакай 15:00 буд, мо бо ҳамроҳии ошпаз ва волонтёрон тайёрӣ ба ифторро оғоз намудем.

Мо ифторро  дар яке аз ҷойи бароҳати пойтахт, ки дар ш.Душанбе бо номи “Плов Сити” ҷойгир буд ташкил намудем. Ошро ошпаз дар сатҳи олӣ пӯхта буд.

Иштирокчиёни ифтор кудакони имконияташон маҳдуди интернати №2-и ноҳияи Фирдавсӣ буданд.

Мехостам қайд намоям, ки як сол пеш ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” дар якҷоягӣ бо ширкати Самсунг ва фонди Кӯҳистон лоиҳаи “IT-LAB”-ро таъсис дод, то ки хонандагон ба усулҳои инноватсионии омӯзишӣ дастрасӣ дошта бошанд. Волонтёрони мо дар ин Интернат, дар як ҳафта 2 маротиба дарси информатика ба хонандагон меомӯзонанд. Ва мо хостем онҳоро ба ини ифтор даъват намоем, то ки каме ҳам бошад таъбашонро болида гардонем.

Дигар иштирокчиёни шоми мо тарбияткунандагон ва хонандагони литсейи инфалидони ш.Душанбе ва албатта волонтёрон ва коргарони “Алиф Сармоя” барои амалӣ кардани ифтор фаъолона иштирок  намуданд.

Бояд қайд кард , ки хӯроки асосӣ ош буд, ба он нигоҳ накарда, мо меҳмононро бо хӯришҳои тароватнок, меваҳо, нӯшокиҳо ва дар охир бо яхмоси болаззате зиёфат намудем. Ифтор дар сатҳи олӣ гузашт, албатта бо кӯшишҳои муштараки созмондиҳандагон ва сарпарастони ин чорабинӣ.

Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” самимона сипосгузории хешро ба  “Алиф Сармоя”,  роҳбараш муҳтарам Зуҳуршо Раҳматуллоев, ки сарпарасти умумӣ дар Ифтор буд,мерасонад. Дастгирии Шумо , бешубҳа тавонист ҳама иштирокчиёнро хурсанд намояд, махсусан кӯдакони имконияташон маҳдуд бударо , ки аз ҷойи дур омаданд ва на танҳо шом хӯранд, балки тавонистанд манзараи шоми шаҳри зебои Душанберо тамошо кунанд.

Сипосгузории худро алоҳида ба Агентии Азиа Плюс мерасонем, барои дастгирии иттилоотӣ ва иштироки бевосита дар Ифтор.

Инчунин мо ба раиси ташкилоти ҷамъияти “Олимпиадаҳои махсус”- Дилбар  Аҳтамовна барои дастгирӣ намудани ҷанбаҳои ташкили хайрия дар “Плов Сити” миннатдории хешро изҳор менамоем.

Ва албатта, сипосгузории хешро барои хизмати аввалиндараҷа, ҷавобгӯӣ, дилкушодӣ ва ҳамкории судманд, ба маъмурияти “Плов Сити” мерасонем. Мо боварӣ дорем, ки дар оянда  бисёр чорабиниҳоро дар он ҷо мегузаронем.

Поделиться постом