Актсияи хайриявӣ «Биёед портфелро якҷо ҷамъ кунем»

15 ноябри соли 2017 Ташкилоти Ҷамъиятии “Пешрафт” маъракаи хайриявиеро таҳти унвони “Биёед портфелро якҷо ҷамъ кунем!” баргузор намуд.  Ин чорабинӣ бо сарпарасти кулии “Huawei Technologies Тоҷикистон» амалӣ гашт.

Дар давоми 6 соли фаолияташ, ташкилотамон базаи муайяни оилаҳои камбизоатро таъсис дод. Ҳангоми татбиқи амалҳои гуногуни хайриявӣ, мо кӯшиш мекунем, ки ин оилаҳоро ба инобат гирифта, кӯмаки худро расонем. Ҳамин тавр,  якчанд маротиба онҳоро бо хӯрок, пӯшок ва дигар лавозимот таъмин намудем. Ин маротиба, бо дархости бисёр оилаҳо, маъракаи хайриявиро бо унвони “Биёед портфелро якҷо ҷамъ кунем!” гузарондем. Зиёда аз 30 оила дар он иштирок намуданд ва соҳиби портфел бо лавозимоти мактабӣ аз чумла албом, қаламҳои ранга, каламҳои оддӣ, дафтарҳои оддӣ ва ғайра гаштанд. Дар доираи аксия флешмоб бо иштироки 10 ихтиёриёни ташкилоти мо гураронида шуд. Ихтиериёни мо ба 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва ҳатто берун аз пойтахт тақсим шуда, туҳфаҳоро ба соҳибонашон расонданд. Аз рӯи тадқиқи ихтиёриёни мо баъзе аз кӯдакон аз сабаби набудани лавозимоти мактабӣ ба мактаб нарафта аз дарсҳо қафо монда буданд, ки боиси осурдагист. Мо шодем, ки бо амаламон як такони мусбӣ додем ба кӯдакон, то бори дигар ба мактаб раванду аз ҳаёт баҳра баранд. Албатта, бо тақдим намудани як портфел мо мушкилотҳои онҳоро пурра итмом надодем, вале ба ҳал ҳол мо ҳамеша бо онҳо мусоҳибаҳо мегузаронем ва онҳоро ташвиқ медиҳем, ки дар рушди оилаашон саҳмгузор бошанд.

Ҳар замон, ки мо дар лабони иштирокчиёни аксияҳоямон табассумро мебинем ҳисси шодӣ моро фарогир мешавад ва мо хеле мамнун мебудем агар созмонҳо ва ширкатҳои дигар ба монанди “Ҳуавей” ин оилаҳоро бо мо якҷо дастгирӣ мекарданд. Бо шарофати дастгирии молиявии ширкати “Ҳуавей” чорабинӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Мо тавонистем, ки лавозимотҳои заруриро барои дарсҳои мактаби ибтидоӣ харидорӣ намоем. Ширкати «Huawei» яке аз ширкатҳои муваффақ дар ҷаҳон буда, коршиносони соҳаи худ ҳастанд. Сарфи назар аз ин, ширкат аксаран дастгири ташаббусҳои хайриявии мо аст, ки аз сиёсатӣ оқилонаву хайрявӣ доштани онҳо шаҳодат медиҳад.

Ташкилоти Ҷамъиятии «Peshraft» самимона миннатдории худро ба Ширкати «Huawei Technologies Тоҷикистон»,  ҷаноби Чжу Тиян Сино ва Таҳмина Муратова барои кӯмаки бевосита ва дастгирӣ дар чорабинии хайрияви “Биёед портфелро якҷо ҷамъ кунем!» иброз медорад.

 

Поделиться постом